President of the Republic of Tajikistan

03/26/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/26/2026 01:33

Гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ”-и Ҷумҳурии Узбекистон

26 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар назди Муҷассамаи "Истиқлолият ва башардӯстӣ" гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ намуданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on March 26, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on March 26, 2026 at 07:33 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]