President of the Republic of Tajikistan

07/08/2026 | Press release | Distributed by Public on 07/07/2026 23:35

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Дар ин намоиш маҳсули дастранҷи деҳқонону заминдорони ноҳия, аз ҷумла ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, меваҳои тару тоза, маҳсулоти боғдорӣ ва дигар навъҳои маҳсулот ба маъраз гузошта шуда буд.

Зимни боздид ба сатҳу сифати маҳсулот, истифодаи самараноки замин, татбиқи технологияҳои муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат заҳмати деҳқононро шоиста арзёбӣ намуда, барои боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар амнияти озуқавории кишвар ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on July 08, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on July 08, 2026 at 05:35 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]