President of the Republic of Tajikistan

12/19/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/18/2025 19:22

Мулоқот бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи ҳамкорӣ бо Ҷопонро дар чаҳорчӯби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) баланд арзёбӣ мекунад.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллии кишвари мо, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Аз имзои ду созишномаи нави грантӣ оид ба лоиҳаҳои сохтмони як зеристгоҳ ва муосирсозии таҷҳизоти сканерии борҳо дар дидбонгоҳи гумрукӣ истиқбол карда шуд.

Ҷалби сармояи мустақими ҷопонӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзноки иенӣ, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Рушди энергетикаи "сабз" аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Барои тавсеаи бахшҳои Барномаи "Джей-Ди-Эс" дар соҳаҳои тиб, нанотехнология, технологияҳои иттилоотӣ, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсиси Маркази инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистону Ҷопон дар кишвари мо изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on December 19, 2025, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on December 19, 2025 at 01:22 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]