03/27/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/26/2026 22:37
Ташаккур, муҳтарам Шавкат Миромонович.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъват ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намоям.
Рамзист, ки мулоқоти мо дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мешаванд.
Шумо, ҷаноби Президент, ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми бародари Узбекистонро бо ин ҷашни фархунда табрик мегӯям!
Наврӯз муборак!
Музокироти имрӯза дар шакли хосса ва дар доираи ҷаласаи нахустин Шурои олии байнидавлатӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод баргузор гардид.
Маҷмуи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ байни кишварҳоямон, инчунин, дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро муфассал баррасӣ кардем.
Аҳамияти идома додани тамосҳои мунтазами сиёсиро барои пешбурди ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон зикр кардем.
Мо ҷонибдории худро барои истифодаи самараноки имкониятҳои назарраси ҳамкории дуҷониба тасдиқ кардем.
Зимни музокирот ба татбиқи амалии тавофуқҳои қаблан бадастомада дар ҳама соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
То имрӯз заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи кишварҳоямон ташаккул ёфтааст.
Имрӯз мо бастаи нави санадҳоро қабул кардем.
Ин санадҳо барои тақвияти ҳамкории тарафҳо дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, рушди технология ва бахши кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин, аҳамияти санадҳоеро, ки ба рушди робитаҳо дар соҳаҳои тиб, сайёҳӣ ва фарҳанг равона шудаанд, таъкид менамоям.
Бешубҳа, масъалаи густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ чун пештара аз авлавиятҳои асосии рӯзномаи дуҷонибаи мо боқӣ мемонанд.
Мо ҷараёни устувори афзоиши тиҷорати дуҷонибаро баланд арзёбӣ кардем.
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта афзоиши гардиши мол тақрибан 30 фоизро ташкил дод.
Мо қабули фаврии Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоиро то соли 2030-ро истиқбол менамоем. Аз пешниҳоди расидан ба ин нишондиҳанда то соли 2028 ҷонибдорӣ менамоем.
Ҳамкории сармоягузорӣ фаъолона пеш мераванд.
Имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон зиёда аз чорсад (410) корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият дорад.
Ин аз сатҳи баланди фаъолияти тиҷоратии соҳибкорони мо дарак медиҳад.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон зиёда аз яксаду сӣ (131) корхона бо сармояи Узбекистон фаъолият дорад.
Мо ба густариши минбаъдаи иштироки доираҳои тиҷоратии Узбекистон дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон умед дорем.
Иқтидори назарраси рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои саноату энергетика ва бахши кишоварзӣ зикр кардем.
Ба рушди лоиҳаҳои дурнамодор дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, металлургия, мошинсозӣ, саноати сабук, истеҳсоли хӯрокворӣ ва сохтмон таваҷҷуҳ зоҳир намудем.
Зарурати густариши фаъолияти Ширкати муштараки сармоягузориро махсусан таъкид кардем.
Ҳавасмандии тарафайнро дар рушди робитаҳои минтақавӣ тасдиқ кардем.
Пешрафти мусбатро дар масъалаи фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рафтуомади байниҳамдигарии шаҳрвандони ду кишвар зикр намудем.
Соли гузашта тақрибан ду миллиону ҳаштсад ҳазор (2,780,000) шаҳрванди Тоҷикистон аз Узбекистони ҳамсоя, аз ҷумла ҳамчун сайёҳ, боздид карданд.
Дар навбати худ, зиёда аз як миллиону сад ҳазор (1,117,000) шаҳрванди Узбекистон ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон ворид шуданд.
Ба мувофиқа расидем, ки кӯшишҳои худро барои густариши минбаъдаи ҳамёрӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, инчунин, мавриди истифода қарор додани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ равона намоем.
Татбиқи ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳои муайяншуда ба зиммаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ вогузор карда мешавад.
Дар рафти музокирот мо тасмими худро барои минбаъд низ фаъолона густариш додани мубодилаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ тасдиқ кардем.
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати ҷавонон, варзиш ва васоити ахбори оммаро зикр кардем.
Тавре муҳтарам Шавкат Миромонович зикр намуданд, мо дастгирии фаъолро идома дода, барои ҷамъияти узбекон дар Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикон дар Узбекистон ҷиҳати ҳифз ва рушди забонҳои модарӣ, фарҳанг, анъана ва суннатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам меорем.
Якҷо лоиҳаҳоро оид ба бунёди мактабҳо ва донишгоҳҳо ҷиҳати фароҳам овардани имкони таҳсил ба забони модарӣ барои онҳо таҳия хоҳем кард.
Ба дӯстони узбекистонӣ барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати дар доираи сафар баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон изҳори сипос менамоем.
Зимни музокирот мо рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муфассал баррасӣ кардем.
Аз афзоиши хавфу таҳдидҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ намудем.
Мавқеи ҳамсони худро ҷиҳати ҳалли мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ тасдиқ кардем.
Ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Мо аҳамияти идома додани ҳамоҳангии ҳамёрӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва тундгароии динӣ зикр кардем.
Ҳамчунин, зарурати таъхирнопазири тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро таъкид кардем.
Ташаннуҷи вазъи ҳарбию сиёсии атрофи минтақаамонро баррасӣ кардем.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам мавқеи устувори Тоҷикистонро дар мавриди ҳалли ҳама гуна низоъҳо ва ихтилофот танҳо бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ва дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таъкид намоям.
Дӯстони азиз,
Мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни кишварҳоямонро баланд арёзбӣ менамоем.
Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро дар руҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии якдигарӣ минбаъд низ тақвият медиҳем.
Бешубҳа, қарорҳои дар доираи ҷаласаи нахустини Шурои олии байнидавлатӣ қабулшуда барои самаранок ноил шудан ба ҳадафҳои зикргардида, ки ба манфиати ду халқи бародари мо хизмат мекунанд, мусоидат менамоянд.
Бо камоли хушнудӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷаноби Олӣ, Шавкат Миромонович Мирзиёевро барои анҷом додани сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудам.
Ташаккур.