07/12/2026 | Press release | Distributed by Public on 07/12/2026 02:43
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари даргузашти падарамир Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гардид.
Мо ба шахсияти шодравон ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ арҷ мегузорем ва саҳми босазои ӯро дар рушду нумӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Қатар баланд қадр менамоем.
Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо, аҳли хонаводаатон ва тамоми мардуми бародари Қатар ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям.
Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ба наздикону пайвандони ӯ сабри ҷамил ато фармояд.
Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».