President of the Republic of Tajikistan

05/12/2026 | Press release | Distributed by Public on 05/11/2026 20:23

Мулоқот бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Чин Ҷао Леҷӣ

Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро "яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ" номида, таъкид доштанд: "Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем".

Рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, "заминаи устувори шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар давраи нав" арзёбӣ гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсис ва оғози фаъолияти Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, истиқбол намуданд.

Дар идома масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумонӣ, аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи муосир, дастгирии навовариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва саноати "сабз", рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангию башарӣ ва дигар самтҳои мавриди назари муштарак муҳокима гардиданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on May 12, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on May 12, 2026 at 02:23 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]