President of the Republic of Tajikistan

08/11/2026 | Press release | Distributed by Public on 08/10/2026 22:34

Ба истифода додани Гулгашти Дуои модар дар шаҳри Ҳисор

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ба анҷом расонида шуданд. Гулгашт дар масоҳати 0,40 гектар ҷойгир буда, ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ 27 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Гулгашти Дуои модар дорои муҳити сабзу хуррам буда, дар ҳудуди он гулҳои рангоранг, дарахтони сояафкан ва дигар навъҳои растаниҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Чароғонкунии гулгашт низ ба симои он ҳусни тоза бахшида, шароити мусоидро барои сайругашт ва истироҳати сокинон фароҳам овардааст.

Дар маркази он муҷассамаи модар қомат афрохтааст, ки ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин сарчашмаи меҳру муҳаббат - модар мебошад.

Модар нахустин омӯзгори фарзанд, тарбиятгар ва роҳнамои роҳи зиндагӣ ба шумор меравад. Маҳз, бо ҳамин ҳадаф гулгашт номи рамзии Дуои модарро гирифтааст.

Зимни шиносоӣ бо гулгашти Дуои модар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти мақоми модар ва эҳтироми ӯ ҳамчун муқаддастарин шахс дар ҳаёти ҳар инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки модар шахсияти бузург ва муқаддас буда, эҳтиром ва қадрдонии ӯ қарзи фарзандии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад.

President of the Republic of Tajikistan published this content on August 11, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on August 11, 2026 at 04:34 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]