03/26/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/26/2026 06:44
Дар толори Қасри Куксарой дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими оғози бунёд ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Бо амр ва иҷозати Роҳбарони давлатҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 иншоот дар Тоҷикистон, аз қабили васеъ кардани хатти истеҳсоли техникаи маишии "Артел", сохтмони клиникаи тиббӣ бо номи Шоҳ Мед (Shox Med) дар шаҳри Душанбе, таъсиси кластери нассоҷӣ, бунёди хатти муосири коркарди мева, истеҳсоли маҳлулҳои тиббӣ, оғози лоиҳаи истеҳсоли мебел ва техникаи саноатӣ дар вилояти Суғд асос гузошта шуд.
Ҳамчунин, дар ин маросим Сарони давлатҳо барои ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти муштарак, аз ҷумла лоиҳаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, истеҳсоли афшураи шарбат, "Душанбе" номгузорӣ кардани яке аз кӯчаҳои Тошканди нав, сохтмони маҷмааи муосири баландошёнаи истиқоматӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти консервашуда дар Ҷумҳурии Узбекистон иҷозат доданд.
Дар маҷмуъ дар маросими маҷозӣ барои татбиқи 12 лоиҳа ва бунёди иншоот расман иҷозат дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки маблағи 7 иншооти дар Тоҷикистон бунёдшаванда 98 миллион доллари амрикоӣ ва 5 лоиҳаи дар Узбекистон амалишаванда 63,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мавриди зикри хос аст, ки ин лоиҳаҳо ба ташкили ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.