09/02/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/02/2026 00:46
2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази хизматрасонии Аҳмадҷонро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мустафо Атобуллоев дар масоҳати умумии 11 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, тиҷоратӣ ва фароғатӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт пешбинӣ шудааст.
Маркази хизматрасонии Аҳмадҷон аз маҷмӯи биноҳои се ва чорошёна иборат буда, дар он се ошхона, маркази савдо, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази дилхушии кӯдакон, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра, 12 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгир шудаанд.
Ҳамчунин, дар маҷмаа таваққуфгоҳи замонавӣ бо шароити зарурӣ, майдони саққобозӣ (билярд), толори машқҳои варзишӣ ва фароғатӣ мавҷуд буда, дар он барои истироҳату дилхушии сокинону меҳмонон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар болои бино панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки қисме аз эҳтиёҷоти онро бо неруи барқ таъмин менамоянд.
Баробари ба истифода додани марказ дар маҷмуъ 250 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ба истифода додани чунин иншооти муосири хизматрасонӣ дар пойтахт ба рушди соҳибкории ватанӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва боз ҳам ободу зебо гардондани муҳити шаҳр мусоидат менамояд.
Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо 151 ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Таваҷҷуҳи пайваста ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иқдоми мазкур идомаи тадбирҳои хайру савоб дар самти дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ин иншооти зебои муосир дар соҳили чапи рӯди Душанбе дар доираи навсозии васеи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт бунёд ёфта, ба симои ин мавзеъ, ки ба макони истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонони Душанбешаҳри нозанин бояд табдил ёбад, ҳусни дилкаш зам намудааст. Ҳамчунин, ҷойи зикр аст, ки
13 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии васеи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт санги асос гузошта буданд.
Инак маркази наву муосири хизматрасонии Аҳмадҷон аз ҷумлаи нахустин иншоот мебошад, ки дар ин масир бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода дода шуд.