06/23/2026 | Press release | Distributed by Public on 06/22/2026 23:59
23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд.
Мавриди зикри хос аст, ки тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026 барои сохтмони 4 корхонаи нави семент бо иқтидори умумии 6 млн. тонна дар як сол гирифта шудааст.
Ҳамин тавр Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Душанбе тасмим гирифт Корхонаи нави истеҳсоли сементро дар қисмати ҷануби деҳаи Харангони боло дар масоҳати 18 га дар муддати 17 моҳ сохта, ба истифода диҳад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна, дар як сол бошад, 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот иборат хоҳад гашт.
Дар рафти ба амал баровардани корҳои сохтмонӣ беш аз 1150 сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, пас аз ба истифода додани корхона бошад, зиёда аз 1000 ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешаванд.
Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхона Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Душанбе мебошад. Бо дарназардошти технологияи муосири истеҳсолӣ ва ашёи хоми истифодашаванда, сементи истеҳсол намудаи корхона пурра ба талаботи меъёру стандартҳои аврупоиву ҷаҳонӣ мутобиқат мекунад.
Сохтмони корхонаи мазкур дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон, ки дар наздикии он мавҷуданд, ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ хоҳад гашт.
Лозим ба тазаккур аст, ки тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ буда, дар раванди истеҳсолот қоидаҳои экологӣ ва бехатарии муҳити зист таъмин карда мешаванд.
Корҳои лоиҳакашӣ, таъмин, насб, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот бошад, тибқи шартномаи байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Синомаи (SINOMA) Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ хоҳад гашт. Бояд қайд намуд, ки ширкати Синомаи Чин бузургтарин корпоратсияи давлатии Чинӣ ва муҳандисии байналмилалӣ мебошад.
Ширкати Синома яке аз ташкилотҳои пешбари хизматрасонии ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияи семент, таҷҳизот ва ҳамгироии системаҳои муҳандисӣ, корхонаи баландтехнологӣ ва инноватсионии Чин буда, аз ҷониби Комиссияи назорат ва идоракунии дороиҳои давлатии назди Шурои давлатӣ шомили барномаи давлатӣ шудааст ва барандаи ҷоиза дар соҳаи саноат мебошад.