07/29/2026 | Press release | Distributed by Public on 07/29/2026 06:37
29 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот намуданд.
Дар рафти суҳбат сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ карданд.
Ҳарду ҷониб аз динамикаи мусбати ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.
Ба афзоиши тиҷорати дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карда шуд.
Бо назардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Вобаста ба бахшҳои фарҳангию башарӣ ҷонибҳо алоқамандии худро ба тақвияти раванди мубодилаи эҷодӣ, таълимӣ ва академӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштанд.
Ҳамкории бисёрҷониба дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.