President of the Republic of Tajikistan

09/11/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/10/2026 22:52

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ва ба истифода додани фурудгоҳи ноҳия

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро роҳбарият ва сокинони шарафманди ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст фурудгоҳи ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои фурудгоҳ дар раванди корҳои ободонӣ бо дасттирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст. Ба ин васила дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо дигар минтақахо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд.

Сарвари давлат ба кори бинокорон баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти фурудгоҳ ба масьулон дастуру тавсияҳо доданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on September 11, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on September 11, 2026 at 04:52 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]