President of the Republic of Tajikistan

05/12/2026 | Press release | Distributed by Public on 05/12/2026 03:55

Суханронӣ дар Донишгоҳи Пекин

Муҳтарам Ректори Донишгоҳи Пекин,

Муҳтарам Раиси Шурои Донишгоҳ,

Дӯстони гиромӣ!

Унвони профессори ифтихории яке аз донишгоҳҳои пешсафу маъруфи Чин барои ман шарафи бузург аст.

Ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ, ки ин унвони баландро барои инҷониб муносиб донистаанд, сипоси амиқи худро иброз менамоям.

Донишгоҳи Пекин, ки бо номи «Бейда» маъруф аст, дар тӯли таърихи беш аз садсолаи худ, бо дастовардҳои таълимиву илмӣ ба ҳайси яке аз мактабҳои олии пешрафта дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.

Ин боргоҳи илму маърифат аз рӯйи раддабандиҳои байналмилалӣ дар қатори 15 донишгоҳи аввали ҷаҳон ҷой дошта, дар Осиё дуввумин муассисаи таҳсилоти олӣ ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки дар миёни 49 ҳазор нафар донишҷӯёни Донишгоҳ намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Боиси қаноатмандист, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ин муассисаро бомуваффақият хатм карда, ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлати Чин дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ,

Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории неки мардумони Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз аз замони «Роҳи абрешим» идома доранд.

Бояд тазаккур дод, ки дар рушду таҳкими «Роҳи бузурги абрешим» суғдиҳо, ки аз ҷумлаи гузаштагони мо - тоҷикон мебошанд, саҳми бориз доштаанд.

Ба мо дар ин хусус аз ҷумла ҳуҷҷатҳои қадимаи суғдӣ, ки ҳанӯз соли 1907 дар яке аз манораҳои девори бузурги Чин кашф шуда буданд, маълумоти арзишманд медиҳанд.

Ин дарёфтҳои таърихиро доираҳои илмиву академӣ бо унвони «Номаҳои куҳна» мешиносанд.

Аз ин ҷост, ки дар ин масир забони суғдӣ корбурди фарогир дошта, нақши «лингва франка», яъне забони муоширати байналмилалиро иҷро мекард.

Мо ҳанӯз дар Тоҷикистон намунаи зиндаи ин забони бостонӣ - яғнобиро ҳифз кардаем.

Дар ду кишвар, аз ҳар ҷое, ки «Роҳи абрешим» мегузашт, нишонаҳои додугирифти фарҳангии тоҷикон ва чиниҳо то ба ҳол боқӣ мондаанд.

Дӯстони гиромӣ,

Соли равон, 9 сентябр Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихи навини худ - 35-солагии истиқлоли давлатиашро ҷашн мегирад.

Тайи ин давра дар назди давлати мо яке аз вазифаҳои муҳимтарин - дарёфти мавқеи шоиста ба ҳайси субъекти соҳибихтиёри низоми робитаҳои байналмилалӣ меистод.

Дар ин замина, мо бар пояи усули "дарҳои кушода" сиёсати хориҷии мутавозину сулҳомез ва созандаро роҳандозӣ намудаем ва бемайлон пеш мебарем.

Тоҷикистон имрӯз бо 186 кишвари ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатӣ дорад ва бо онҳо муносиботи дӯстонаву ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои гуногун роҳандозӣ кардааст.

Он ҳам қобили зикр аст, ки кишвари мо бо як қатор давлатҳои наздику ҳамҷавор робитаҳои шарикиашро то ба сатҳи стратегӣ баровардааст.

Боиси қаноатмандист, ки дар ин қатор ҳамсояи наздику боэътимоди мо - Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгоҳи хос дорад.

Нигоҳе ба таърихи муосири муносиботи ду кишвар аз он дарак медиҳад, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин аз ибтидо масири рушди устуворро тай намуда, имрӯз дар сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ қарор доранд.

Аз ин рӯ, муносибатҳои мо, ки бар пояи сатҳи баланди эътимод бино ёфтаанд, бомаром густариш ёфта истодаанд.

Онҳо фарогири ҳамкориҳои мустаҳками сиёсиву амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошанд.

Мо азми қатъӣ дорем, ки дар такя ба усулҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муносибатҳои ду кишварро дар ҳамаи самтҳои зикршуда боз ҳам вусъат бахшем.

Ҳозирини гиромӣ,

Тавре ки маълум аст, робитаҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ дар ҳар давру замон ба қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидат кардаанд.

Дар шароити кунунӣ илму маърифат ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа аҳаммияти хосса пайдо кардааст.

Бо дарназардошти он, ки зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, масъалаи илму маориф ва рушди неруи инсонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати моро ташкил медиҳад.

Ҳамин аст, ки дар 35 соли истиқлол шумораи мактабҳои олӣ дар кишвар аз 13 то 48 адад афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон бо ин, шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор то ба зиёда аз дусаду бисту панҷ ҳазор нафар расидааст.

Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархурдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир пайваста талош меварзад.

Дар ин раванд, мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, технология, инноватсия ва табодули академӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин соҳаҳоро аз ҷумлаи самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар медонем.

Ҳоло зиёда аз чил ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти олии 47 кишвари дунё машғули омӯхтани илму дониш мебошанд.

Аз ин шумора, дар Чин қариб шаш ҳазор нафар донишҷӯ аз кишвари мо таҳсил намуда, тӯли давраи соҳибистиқлолӣ мактабҳои олии Чини дӯстро дар маҷмӯъ беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон хатм кардаанд.

Ин рақамҳо бозгӯи ҳавасмандии ҷавонони тоҷик барои таҳсил ва илмомӯзӣ дар Чин мебошанд.

Дар ин миён ҷавонони тоҷик бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ дода мешавад.

Марказҳои Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар таълими забон ва муаррифии фарҳанги Чин саҳмгузоранд.

Илова бар ин, дар ҳошияи ин сафар байни мақомоти дахлдори ду кишвар санади дахлдор оид ба таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара ба имзо хоҳад расид.

Дар баробари ин, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - «Коргоҳи Любан» таъсис дода шудааст.

Имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси "забони чинӣ" ба роҳ монда шудааст.

Дӯстони арҷманд,

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои илму фарҳанг, ҳамчунин, метавонанд тавассути роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ дар бахшҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об, таърих, бостоншиносӣ ва мероси фарҳангӣ мазмуну муҳтавои нав пайдо намоянд.

Аз ҷумла, бо дарназардошти табиати кӯҳсор, ки 93 фоизи ҳудуди кишварро ташкил медиҳад, маъданҳои ғании геологӣ, пиряхҳо ва манзараҳои нодири табиии Тоҷикистон, таҷрибаи Чин дар соҳаи геопаркҳои глобалии ЮНЕСКО метавонад як бахши ҳамкориҳои илмӣ бошад.

Тарҷума ва нашри осори илмиву фарҳангӣ воситаи дигари муҳимми наздиксозии халқҳо ба ҳисоб меравад.

То ба имрӯз даҳҳо китоб ба забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ тарҷума шудаанд.

Намунаи барҷастаи онҳо асари донишманди бузурги тоҷик - академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна» ба забони чинӣ ва «Тоҷикон: расму ойин ва фарҳанги мардумӣ» ба забони тоҷикӣ мебошад.

Омӯзиши сарчашмаҳои бостонии чинӣ оид ба таърихи тоҷикон самти дигари ҳамкориҳои муфиди олимони ду кишвар ба шумор меравад.

Чунин иқдомоти илмӣ имкон медиҳанд, ки мо якдигарро боз ҳам беҳтар шиносем ва пайвандҳои деринаи маънавию зеҳнии мардумонамонро бо мазмуну муҳтавои муосир ғанӣ гардонем. Бовар дорем, ки густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг барои тарбияи насли нави мутахассисони рақобатпазир дар шароити муосир пояҳои устуворро фароҳам месозад.

Дар хотимаи сухани худ бори дигар ба ҳайати Донишгоҳи Пекин барои ҳусни таваҷҷуҳ ва пазироии гарм ибрози сипоси самимӣ менамоям.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Чин сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафти пойдор орзумандам!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

President of the Republic of Tajikistan published this content on May 12, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on May 12, 2026 at 09:55 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]