03/26/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/26/2026 05:07
Музокироти сатҳи олӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон бо мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Сарвари давлати моро бори дигар ба шаҳри Тошканд хайра мақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки боздиди кунунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва густариши шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя такони нав мебахшад.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ба Тошканд ва пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, ба раванди таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баҳои баланд доданд.