President of the Republic of Tajikistan

03/27/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/27/2026 09:28

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро бо нишони эҳтироми баланд ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев самимона гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари давлатӣ, ки рӯзҳои 26-27 март дар шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро ҷараён дошт, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардида, аз руи натиҷаи вохӯрӣ ва форуми минтақавии тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Узбекистон Форуми тиҷоратӣ, намоишгоҳи муштараки маҳсулот, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва барномаи ҳунарии Шоми дӯстӣ бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.

President of the Republic of Tajikistan published this content on March 27, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on March 27, 2026 at 15:31 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]