President of the Republic of Tajikistan

04/01/2026 | Press release | Distributed by Public on 04/01/2026 06:43

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи гузаронидани интихоботи
машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 2 апрел то 1 майи соли 2026 гузаронида шавад.
2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, бо мувофиқаи раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин фармон гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мутобиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 апрели соли 2026
№1157

President of the Republic of Tajikistan published this content on April 01, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on April 01, 2026 at 12:43 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]