President of the Republic of Tajikistan

07/21/2026 | Press release | Distributed by Public on 07/20/2026 22:09

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ

21 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар майдони марказии шаҳри Уланбатори Муғулистон, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Муғулистон, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифта, баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on July 21, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on July 21, 2026 at 04:09 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]