President of the Republic of Tajikistan

06/26/2026 | Press release | Distributed by Public on 06/25/2026 22:39

Ташаббуси нави Тоҷикистон - “Даҳсолаи байналмилалии сулҳ барои наслҳои оянда” ҷаҳонӣ шуд

Инак, боз як иқдому ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон кардани "Даҳсолаи байналмилалии сулҳ барои наслҳои оянда" ҷаҳонӣ шуд.

Ин ташаббуси нави Тоҷикистон бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Пешниҳод дар бораи эълони даҳсолаи сулҳ 24 сентябри 2024 дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аввалин бор садо дод. Ин ташаббус аз таҷрибаи сулҳсозию ваҳдатофарии мардуми тоҷик, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондаст, сарчашма мегирад.

Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.

Бо қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани "Даҳсолаи байналмилалии сулҳ барои наслҳои оянда" Тоҷикистон ба ҷаҳониён дарси сулҳ медиҳад.

Мо тоҷикон аз ҷанги шаҳрвандӣ сабақи гарон гирифтем. Имрӯз ин дарсро ройгон ба оламиён пешкаш мекунем. Ин туҳфаи арзишманди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли башар хоҳад буд.

Мояи ифтихору сарфарозии мо аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомади даҳшатбори он Қатънома дар бораи "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул карда шавад.

Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани "Даҳсолаи сулҳ" назир надорад.

Дар ҷаҳони пур аз низоъ, Тоҷикистон ба олам дасти сулҳ дароз кард, чунки мо худ ҷанги шаҳрвандиро дида, арзиши волои сулҳро беҳтар медонем.

Сулҳу эътимод имкон медиҳанд, ки мушкилоти печидаи ҷаҳони имрӯза дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак ҳалли худро пайдо намоянд.

Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сулҳ - фарҳанг, масъулият, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.

Қатънома аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо - аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.

Ин на танҳо як пешниҳод аст, ин "Дипломатияи сулҳи тоҷикӣ" аст.

Тоҷикистон ҳамеша тарафдори ҳалли ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ аст.

"Формулаи сулҳ"-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баъди хомуш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашф карда шуд, имрӯзҳо мавриди омӯзиши аҳли башар қарор дорад.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаи сулҳро гарави таъмини адолат, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон медонанд.

Бино ба таъкиди Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин арзиши воло бояд бо такя ба эътимод, гуфтугӯ ва ҳамкорӣ муносибати эҳтиёткорона дошта бошад.

Дар моддаи 11-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки:- "Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ карда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром ва ташвиқоти ҷангро манъ мекунад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе ва мардуми шарифи кишвари мо таҳти сарварии Пешвои маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо собит намуданд, ки Тоҷикистон мулки сулҳу дӯстӣ, рушди ҳамкорию ҳамёрии судбахш ва сарзамини биҳиштосою меҳмоннавоз аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар роҳи таъмини амният, сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстии байни давлатҳову мардумон ва робитаҳои гуногунсоҳаи башардӯстӣ бо ҷоизаву мукофотҳои як қатор кишварҳо ва созмонҳои умумиҷаҳониву байналмилалӣ, аз ҷумла бо медали ҷоизаи байналмилалии "Сулҳ-99" (15.10.1999), Медали тиллоии "Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон" (25.06.2005), Ситораи ёқути сурх "Миротворетс" (Сулҳовар) (25.06.2007) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

25 майи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза - эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гардиданд.

Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, тавсиби Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим муносиб дониста шуд.

Ин эътироф гувоҳи шахсияти таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақа аст.

Мавриди зикр аст, ки Эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, таъсис ёфтааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки пешниҳоди ташаббуси нав нишонаи ҷиддии арҷгузории Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини ояндаи бехатари аҳли башар мебошад.

Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036" моро водор месозад, ки ба оянда бо масъулияти бештар назар кунем.

Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем.

Ҳаминро хулоса кардан мумкин аст, ки пешрафт дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, инчунин, нақши фаъол дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯзномаи байналмилалии об ва ҳифзи пиряхҳо дастовардҳое мебошанд, ки ба мардуми кишвари мо аз баракати сулҳу субот муяссар гардиданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on June 26, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on June 26, 2026 at 04:39 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]