President of the Republic of Tajikistan

09/11/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/11/2026 02:50

Боздид аз боғи интенсивии Пайванди Рашт ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, обёрии он пурра тавассути низоми қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар боғ 18 навъи дарахти мевагӣ, аз ҷумла 8 навъи себ, 6 намуд нок, 2 гуна олу ва 2 хел зардолу, парвариш меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар боғ ҳосили хуб ба даст омада, ҳаҷми ҷамъоварии мева зиёда аз 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Бунёди боғҳои интенсивӣ ва истифодаи усулҳои муосири обёрӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозор бо меваю маҳсулоти хушсифати ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар як гӯшаи боғи интенсивии Пайванди Рашт намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуда буд, ки дар он дастранҷи деҳқонону кишоварзони ноҳия муаррифӣ карда шуд.

Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни меваи тару тоза, аз ҷумла себ, нок, олу ва зардолу, инчунин дигар маҳсулоти кишоварзӣ дида мешуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва заминҳои ҳосилхез сол ба сол афзоиш ёфта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ заминаи мусоид фароҳам мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо намунаҳои маҳсулот ва дастовардҳои кишоварзони минтақа шинос шуданд ва барои ривоҷи бештари корҳои кишоварзӣ ва бо истифода аз имкониятҳои фаровони мавҷуда афзун намудани саҳми ноҳияҳои водии Рашт дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва иқтидори содиротии кишвар ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on September 11, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on September 11, 2026 at 08:50 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]