President of the Republic of Tajikistan

03/30/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/30/2026 05:09

Ифтитоҳи фосилавии бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5 дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави боғча бо саҳми соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯсти деҳоти Оббурдон бунёд карда шуда, барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъморӣ, мутобиқ ба завқи кӯдакон сохта шуда, бо шароити муосир ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии 10 гурӯҳи кӯдакон муҷаҳҳаз мебошад.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар зиёда аз 15 ҳуҷра ва дигар нуқтаҳои ёрирасони он барои гузаронидани машғулиятҳои рангини кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави боғча 25 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Бинои куҳнаи ин муассисаи томактабӣ, ки ҳанӯз соли 1980 сохта шуда буд, ба талаботи замон мувофиқ набуд.

Бунёди бинои нави дабистон натиҷаи татбиқи амалии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтани чунин иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла боғчаҳо барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ мегардад.

Акнун дар ин муассисаи тозабунёд мутахассисони соҳа ҷалб карда шуда, барои тарбия ва ташаккули зеҳнии ин дӯстрӯякон донишу таҷрибаи худро равона месозанд.

Дар саҳни бинои нав майдончаҳову суҳбаткадаҳо бо ороиши махсус барои хушҳолӣ ва машғул шудани кӯдакон ба ҳар гуна бозиҳои шавқовару ташкили маҳфилҳои эҷодӣ сохта шудааст.

Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳои босамар барои амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти низоми зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия равона шудааст, мусоидати фаъол мекунад.

President of the Republic of Tajikistan published this content on March 30, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on March 30, 2026 at 11:09 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]