President of the Republic of Tajikistan

01/14/2026 | Press release | Distributed by Public on 01/14/2026 06:57

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни[...]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат муайян намудаанд.

Дар ин робита, моҳи декабри соли 2025 ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣдастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣва кормандони ташкилотҳои дигари буҷетӣ, инчунин стипендия ва нафақа зиёд карда шавад.

Дар ин раванд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми январи соли 2026, №1132 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.

Бо таваҷҷуҳба маблағгузории соҳаи маориф ва дастгирии иҷтимоии кормандони ин соҳа, тибқи фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз зиёд мегардад.

Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла аз рӯйи мансабҳои сартабиб, табиб, кормандони миёна ва кормандони хурди тиббии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯйи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣкарда мешавад.

Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣфаъолият менамоянд, 20 фоиз зиёд мегардад, яъне маоши вазифавии кормандони тиббӣ, маъмурӣва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, дигар муассисаҳои низоми иҷтимоӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣдар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба ҳамин андоза зиёд карда мешавад.

Инчунин, музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг 20 фоиз зиёд карда шуда, тибқи тартиби муайяншуда пардохт мегардад.

Бо мақсади ҷалб намудани мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣандозаи маоши заминавӣбарои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 20 фоиз зиёд мешавад.

Дар асоси фармони мазкур маоши вазифавии кормандони дигар муассисаву ташкилотҳо низ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣмаблағгузорӣмешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд мегардад.

Ҳамзамон бо ин, аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣдар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.

Тибқи фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба андозаи 1300 сомонӣдар як моҳмуқаррар карда мешавад, яъне музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз 1 сентябри соли 2026 набояд аз 1300 сомонӣкам бошад.

Дар асоси фармони зикршуда стипендияҳои амалкунанда, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣва миёнаи касбӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбию илмӣва стипендияи давлатӣбарои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣниз 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣтаъмин карда мешавад.

President of the Republic of Tajikistan published this content on January 14, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on January 14, 2026 at 12:58 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]