03/06/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/07/2026 03:36
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар остонаи Наврӯзи фархундапай таҷлил мегардад, самимона табрику шодбош мегӯям.
Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва иқболи неку хонаи обод орзу менамоям.
Ба оғози фасли баҳор, яъне эҳёи табиат баробар омадани ҷашни модарону бонувон нишонаи покиву зебоӣ ва офарандагии мавҷуди муқаддаси модар мебошад.
Ин рӯзи муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми басо назарраси занон дар пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар, меҳру муҳаббати поку беолоиш ва сарчашмаи ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Зан - модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад.
Зеро рушди ҷомеа бо заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда таъмин мегардад.
Бузургии зан - модар дар тӯли таърих аз ҷониби ҳазорон нафар мутафаккирону ҳакимон ва файласуфону шоирони маъруфи дунё ба таври шоиста васфу ситоиш шудааст ва ин анъана бо самимияту муҳаббати наслҳои инсоният минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Зан - модар ҳамчун мавҷуди офарандаи фарзанд на танҳо фариштаи ҳусну малоҳат ва нафосату зебоӣ аст, балки чун меҳвари хонавода пайвандгари оила бо ҷомеа мебошад.
Ин рисолати бузургест, ки модар онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун нигоҳдорандаи забон, фарҳанг ва суннату арзишҳои неку созандаи миллати бостонии тоҷик иҷро карда, дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо нақши барҷаста бозидааст.
Имсол Рӯзи модар ба соли барои мардуми мо муҳимму таърихӣ - 35-солагии истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон рост омад.
Дар робита ба ин, мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям, ки бонувону занони ватандӯсти мо дар дастоварду пешравиҳо ва ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон дар зарфи беш аз се даҳсолаи сипаригардида саҳми бузург гузоштанд.
Ман дар мулоқоту суханрониҳои худ борҳо гуфтаам, ки занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар рӯзҳои ниҳоят мушкили оғози соҳибистиқлолӣ дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
Бо дарназардошти саҳм ва нақши занону бонувон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми занон ва таъмин намудани ҳуқуқи онҳо як қатор қонунҳо, стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санаду нақшаҳо қабул ва амалӣ карда шуданд ва ҳоло амалисозии як қисми онҳо идома дорад.
Имрӯз бонувону занон ва духтарони мо ҳамчун шарикони боэътимоди давлат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ фаъолона саҳм гузошта истодаанд.
Таъкид менамоям, ки эҳтиром ба зан - модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки зарурати сиёсӣ ва иҷтимоии давлат мебошад ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ эълон намуд.
Зеро таҷрибаи таърих собит месозад, ки ҷомеае, ки ба зан арҷ мегузорад, суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор дар он таъмин мегардад.
Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои духтарон, яъне боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ҳоло дар кишвар квотаи президентӣ амал мекунад, ки бо истифода аз он ҳазорон нафар духтарони лаёқатманд аз минтақаҳои дурдасти мамлакат имкони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро пайдо намудаанд.
Ин иқдом ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат минбаъд низ идома дода мешавад, зеро ҳар як духтари таҳсилдида маънои як оилаи босавод, як насли маърифатнок ва як ҷомеаи пешрафтаро дорад.
Бузургон гуфтаанд, ки донишмандии мард сабаби саводнокии хонадон аст.
Вале донишманд будани зан омили донишмандии миллат мебошад.
Зеро зани донишманду соҳибмаърифат насли босаводро таълиму тарбия медиҳад.
Воқеан, мақоми зан, аз ҷумла масъалаи илму донишомӯзии ӯ дар дини мубини ислом низ борҳо таъкид шудааст.
Дар аввалин ояти китоби осмонии Худованд - Қуръони маҷид калимаи «иқра» нозил шудааст, яъне хондан ва аз худ кардани илму дониш таъкид гардидааст.
Дар ҳадиси пайғамбари гиромӣ - Ҳазрати Муҳаммад низ омадааст, ки «талаби илм бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст».
Имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳама бахшҳои иқтисоди миллӣ - кишоварзиву саноат, энергетикаву сохтмон, бонкдорӣ, соҳибкориву хизматрасонӣ ва бахшҳои дигар кору фаъолият мекунанд ва бо ташаббускориву масъулиятшиносии худ дар рушду пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Бонувону занони мо, инчунин, дар фаъолияти мақомоти намояндагӣ, сохтору мақомоти идораи давлат, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши назаррас доранд.
Яъне ҳоло дар кишвар соҳае нест, ки бонувону занон дар он саҳми арзишманд надошта бошанд.
Дастгирии соҳибкориву ҳунармандии занон, ҷудо намудани грантҳои президентӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон доданд, ки мустақилияти иқтисодии онҳо тақвият ёфта, рушди бесобиқаи ҳунарҳои мардумӣ таъмин гардад.
Соли 2025 барои дастгирии занони соҳибкору ҳунарманд аз ҷониби низоми бонкӣ 8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои гуногун ба мафкураи наврасону ҷавонон масъулияти занону модарон боз ҳам бештар мегардад.
Пешгирӣ аз хурофоту таассуб ва ифротгароиву бегонапарастӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити оила оғоз мешавад ва дар навбати аввал маҳз модар метавонад дар зеҳну шуури фарзанд ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро тарбия ва ташаккул диҳад.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки тарбияи дурусти фарзандон кафолати саодатмандии ҳар як хонадон, суботи ҷомеа ва амнияти давлат мебошад.
Агар имрӯз модар фарзанди худро ба роҳи омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар ва заҳматдӯстиву созандагӣ ҳидоят намояд, фардо ҷомеа ва давлат аз мушкилоту бадбахтиҳо эмин мемонад.
Бузургон гуфтаанд, ки тарбияи фарзанд ҳанӯз аз батни модар оғоз мешавад ва бо меҳру муҳаббати модар ташаккул ва рушд меёбад.
Аз ин рӯ, аз ҳамаи модарону бонувони азиз даъват менамоям, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ва махсусан одобу ахлоқи онҳо бо масъулияти баланд муносибат намоянд, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ ҳидоят созанд.
Зеро ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар дасти ҳамин насли нав аст.
Ҳамчунин, модарону бонувони арҷманди мо бояд дар риояи муқаррароти қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳамеша намуна ва пешсафи ҷомеа бошанд.
Зеро зан ва бонуи сарфаю сариштакор баракати манзил ва саодати хонадон аст.
Хусусан, дар шароити бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд аз зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ худдорӣ кунем, ҳамеша дар фикри аҳли оила ва фарзандони худ, яъне дар фикри зиндагии беҳтар бошем.
Модарону бонувони тоҷик давомдиҳандагони кору пайкори занони қаҳрамону таърихсози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд ва мо аз онҳо ифтихор мекунем.
Мо - ҷавонмардон, яъне фарзандони шумо - модарони азиз, ба қадри шири пок ва бедорхобиву заҳматҳои шабонарӯзии шумо ҳамеша мерасем, шуморо сидқан дӯст медорем, шаъну шараф ва қадру манзалати шуморо доим пос медорем.
Мо тамоми умр шуморо ҳамчун фариштаи офаранда ва тарбиятгару таълимдиҳандаи наслҳои солиму эҷодкор ба таври арзандаву шоиста қадрдонӣ мекунем.
Бо изҳори сипосу миннатдорӣ барои заҳмати фидокорона ва хизмати содиқонаатон ба Ватан бори дигар ҳамаи шумо - модарону бонувони гиромӣ ва хоҳарону духтарони азизро ба ифтихори Рӯзи модар аз самими қалб табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва дар ҷодаи ватансозиву давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон барори кор орзу менамоям.
Ҷашн муборак, модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азиз!