12/17/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/17/2025 07:29
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои
ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву
худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 декабри соли 2025
№1102