President of the Republic of Tajikistan

07/31/2026 | Press release | Distributed by Public on 07/31/2026 02:57

Иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

31 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вохӯриро имкони мусоид барои баррасии роҳҳои пешбурди муштараки масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани танишҳои геополитикӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва зуҳури таҳдиду хатарҳои нави амниятӣ давлатҳои минтақаро ба вокуниши муштарак ва муассир нисбат ба ин зуҳуроти манфӣ даъват намуданд.

Ҳамзамон, Сарвари давлати мо афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба минтақаи мо таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин раванд барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, саноат, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун афзалиятҳои муштараки кишварҳои минтақа боқӣ мемонанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо назардошти вазъияти имрӯза дар бозори энергетикии минтақа ва ҷаҳон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаҳои бузурги коркарди нафт барои истеҳсоли маводи сухт сохта шаванд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат рушди робитаҳои фарҳангию гуманитариро ҳамчун омили муҳими таҳкими пояҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни мардумони мо арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварамонро ҷиҳати идомаи талошҳо барои татбиқи амалии қарорҳои муштараки қабулшуда таъкид намуданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on July 31, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on July 31, 2026 at 08:57 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]