12/22/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/22/2025 09:25
22 декабри соли 2025, дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.
Зарурати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таъкид гардид.
Сарони давлатҳо куштори бераҳмонаи шаҳрванди 10-солаи Тоҷикистон Қобилҷон Алиевро шадидан маҳкум карда, зарурати тафтишоти беғаразонаи ин ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид карданд.
Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздикону пайвандони Қобилҷон Алиеви фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, таъкид дошт, ки чунин амалкардҳои террористӣ, бахусус нисбати кӯдакон аз доираи фаҳмиши инсонӣ берун аст.
Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба мақомоти дахлдори ҳарду ҷониб дастур диҳанд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо чунин амалҳои зӯроваронаро тақвият диҳанд ва дар ин самт чораҳои фаврӣ андешида шаванд.